-10.6 C
Tajikistan
Thursday, February 9, 2023

МАКТАБ МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ АСТ, НА ҶОЙИ ТИРУ ТУФАНГ! Муроҷиати омӯзгорони Чоркӯҳ ба низомиёни Қирғизистон

«Ман омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара Алияхон Довудова ҳастам. Дар ин курсиҳое, ки мебинед (ДАР АКС), хонандагони ман, фарзандони ман нишаста, илму дониш меомӯхтанд. Ҳар рӯз дар даст ҷузвдони пур аз китобу дафтар ба мактаб меомаданду баъд аз омӯзиш боз ба хонаҳояшон бармегаштанд. Аммо субҳи 17 сентябр ин макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад зимни ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон ба харобазор табдил дода шуд».

Мавсуф зикр дошт, ки «ба тамоми низомиёни қирғиз гуфтаниям, ки ин макон ҷойи тиру туфанг нест, ҷойи силоҳбадастон нест, дар ин макон наврасони бегуноҳ дар рӯҳияи дӯстӣ, озодандешӣ, ватандорӣ, вафодорӣ ва сулҳпарварӣ тарбия меёбанд. Мактабро сӯзонидан, хонандагонро мавриди тир қарор додан нишонаи қаҳрамонию далерӣ нест, балки ин даҳшат буда, аз нотавонию бемаърифатии шумо дарак медиҳад».

Ба гуфтаи ӯ, дар ин муассиса 183 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 17 омӯзгор таълим медод. Дар айни замон дар муассиса ба ғайр аз ошхона ва синфи компютерӣ дигар тамоми бино сӯхтаву валангор гардидааст.

Бояд гуфт, ки 16 сентябри соли 2022, баъди эълони оташбас мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати мазкур аз ҷониби низомиёни қирғиз мавриди мушак ва тирпаронӣ қарор гирифта, дар натиҷа пурра сӯхт.Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 17 сентябр, тахминан соати 14:10, баъди эълони оташбас, низомиёни Қирғизистон бо истифода аз силоҳи гурӯҳӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини Лангар ва Сари Бозор ҳамла карданд. Илова бар ин, ҳангоми тирборон кардани бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и ҷамоати Чоркӯҳ хонандагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ҷароҳат бардоштанд.

Омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и ҷамоати Чоркӯҳ Ҳусейнхон Шарифзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд: «Зимни рух додани ин ҳодиса ман дар басти дуюм ба хонандагони синфи 7 «Б» аз фанни таърих дарс медодам, ки ногоҳ садои тир баланд гардид. Хонандагон аз ин садои гӯшхарош парешон гардиданд. Вақте аз дохили мактаб ҳамроҳи хонандагон ба берун мебаромадем, ногаҳон садои баланде ба гӯш расид, ки фикр кардем мактаб дар болоямон чаппа шуд. Хушбахтона, толеамон баландӣ карду симчӯби мактаб мушаки низомиёни қирғизро нагузошт ба мактаб расад. Аммо ҳангоми ба симчӯб бархӯрдани мушак пораҳои парешони он ба баъзе хонандагони мо осеби ҷисмонӣ расониданд, ки дар айни замон таҳти назорати табибон қарор доранд».

Ба гуфти ӯ, аз мушаки дигари низомиёни қирғиз болопӯши муассиса валангор гардида, қисми бештари он корношоям шуд.

Дар ин муассиса зиёда аз 600 хонанда таълим мегирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода кард.

АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Latest news

Мансур Мухтар: «Бонки исломии рушд раванди маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон идома медиҳад»

Мақсади сафари ҳайати Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон шиносоӣ бо татбиқи лоиҳаҳои дуҷонаба ва пешравиҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалисозии онҳо...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд

6 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия муҳтарам Башар Асад...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган...

Related news