4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ДЗЮДО. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медалҳои тилло шуданд

19 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​ Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар рӯзи якуми мусобиқаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд рақобатҳо аз рӯи чаҳор вазн сурат гирифтанд. Дар  вазнҳои  -57 кг  ва  — 63 кг  бонувон ва дар  вазни -66 кг ва -81 кг мардон барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ миёни ҳам сабқат карданд.

Дар рӯзи якуми Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо 31 нафар варзишгар дар  вазни то 66 килограмм барои ба даст овардани медалҳои фахрӣ миёни ҳам  мубориза бурданд. Медали тиллои ин вазнро паҳлавони ҷавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев соҳиб шуд. Муллораҷаб дар даври ниҳоӣ ба муқобили дзюдочии рус Обид Ҷебов бо се шидо зафар ёфт.

Ҳамчунин дар ин вазн  варзишгарони  бомаҳорат, ба монанди Абубакр Шеров ва Шаҳбози Саидаброр ҳам ҳунарнамоӣ карданд. Абубакр дар даври аввал аз  варзишгари  узбек Отабек Отаназаров бо имтиёзи иппон мағлуб гардид. Шаҳбоз Саидаброров барои ба даст овардани медали биринҷӣ аз дзюдочии узбек Артём Штурбабин  мағлуб шуд. Дилшодбек Юлдошев аз кишвари Узбекистон аввалин медали биринҷии мусобиқаро соҳиб шуд. Дилшодбек барои ба даст овардани медали биринҷӣ ҳамватанаш Отабек Отаназаровро мағлуб кард.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Дилшодбек  дар вазни то 66 килограмм дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини лзюдо  дар шаҳри Душанбе ба гирифтани медали тилло даст ёфта буд.

Ғолибони вазни то 66 кг

1.Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)

2.Обид Ҷебов (Россия)

3.Дилшодбек Юлдошев (Узбекистон)

3.Артём Штурбабин (Узбекистон)

Барои ба даст овардани медалҳои фахрӣ дар  вазни то 81 килограмм 28 варзишгар  миёни ҳам  рақобат  карданд. Медали  тиллои ин вазнро паҳлавони бомаҳорати тоҷик Ҳамроз Раҷабов ба даст овард. Ҳамроз дар даври ниҳоӣ дзюдочии эронӣ Меҳдӣ Фатҳиро бо имтиёзи иппон шикаст дод. Дзюдочии узбек Рамазон Аллабердиев барои ба даст овардани нишони биринҷӣ  варзишгари тоҷик Ғаниҷон Ғаниевро дар сонияҳои аввали рақобат шикаст дод. Ғаниҷон миёни 28 дзюдочӣ, ки  дар  вазни то 81 кг ҳунарнамоӣ карданд, 5-ум шуд. Раҳматуллобек Фарҳодов барои ба даст овардани медали биринҷии мусобиқа Субҳиддин Халилзодаро шикаст дод. Раҳматуллобек бо тахтапушт Субҳиддинро нигоҳ дошт ва ҳамин тавр бо имтиёзи иппон ғолиб гардид.

Ғолибони вазни то 81 кг

1.Ҳамроз Раҷабов (Тоҷикистон)

2.Меҳдӣ Фатҳӣ (Эрон)

3.Аллабердиев Рамазон (Узбекистон)

3.Раҳматуллобек Фарҳодов  (Тоҷикистон)

Миёни бонувон  Шоҳида Қаландарова,  Аҳлия Муминова ва Фазилат Гулбоева  дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  гӯштини дзюдо  ба гирифтани зинаҳои фахрӣ мушарраф гардиданд.

Ғолибони вазни то 57 кг

1. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
2. Аҳлия Муминова (Тоҷикистон)
3.Фазилат Гулбоева  (Тоҷикистон)

Дар вазни то 63 кг Мавлуда Одинаева дар даври ниҳоӣ Ҷононаи 16-соларо мағлуб карда, медали тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.

Ғолибони вазни то 63  кг

1.Мавлуда Одинаева (Тоҷикистон)

2.Ҷонона Назарова (Тоҷикистон)

3.Рӯзафсун Бекназарова (Тоҷикистон)

Барномаи баргузории мусобиқа барои  имрӯз  чунин аст:

Рӯзи 2 | 20 сентябр | Сешанбе
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Мардон: -90, -100, +100кг;

Хотиррасон мешавем, ки  ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи якум 40 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм — 20 ҳазор ва барои ҷойҳои сеюм — 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

                                                                                        АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news