-10.5 C
Tajikistan
Thursday, February 9, 2023

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. «Баъзе аз намояндагони ин мардум «хати қирмизӣ»-и ҳамсоядориро кайҳо дағалона убур карда буданд»- муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»

«Дар ҳама масъала, хосса масоили ба равобити байни кишварҳо рабтдошта назокатҳои дипломативу ҳамсоядорӣ бар мабнои «хати қирмизӣ» вуҷуд доранд. Вале қирғизҳо «хати қирмизӣ»-ро дағалона ва хеле пеш убур карда буданд»,- чунин ибрози назар намуд муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло дар робита ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон.

Ба зикри Далери Абдулло, қазияи Ворух ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад. Номбурда аз он нигарон аст, ки тибқи «анъана», як идда, ки вокуниш намудан вазифаи ҷониашон аст, бо вуҷуди аз ҳад гузаштани нописандии қирғизҳо то кунун хомӯшанд.

«Шояд фаромӯш кардаанд, ки Пешвои миллат «бетарафиро нишонаи марг» гуфта буданд»,-мегӯяд муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум».

«Инкор намекунам, ки ҳама гуна муноқиша пайомади ногувор дорад ва ягон фард ҳавасманди сар задани нофаҳмӣ, хосса миёни ҳамсояҳо набуду нест. Вале вақте як ҷониб бо зери по намудани муқаррароти шартномаҳои қаблан қабулшуда ва сарфи назар намудани қонунҳои байналмилалӣ ҳуқуқу манфиатҳои тарафи дигарро ба маънои томаш нақз мекунад, андешидани тадбир зарур ва ногузир мебошад», -мегӯяд Далери Абдулло.

«Хушбахтона, ба шарофати қаламкашони бонангу номус, ки Ватанро на бо сухан ва на ба хотири маснад дӯст медоранду ба арзишҳои милливу давлатӣ садоқати бепоён доранд, дар «набард»-и иттилоотӣ низ комёбем», — иброз дошт ӯ.

Ба андешаи мавсуф, муҳим он аст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҳарбиро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ қатъ карда, неруҳо ва техникаи низомиро аз минтақаҳои наздимарзӣ ба макони ҷойгиршавии доимии худ баргардонанд, инчунин раванди гуфтушунидро бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои марзӣ идома диҳанд.

«Қазияи Ворух бори дигар собит намуд, ки мардуми шарифи кишвар дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид, ба арзишҳои милливу давлатӣ содиқанду арҷгузоранд ва аз ин лиҳоз касе наметавонад иттиҳоди моро рахна созад»,-таъкид намуд Д. Абдулло.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Мансур Мухтар: «Бонки исломии рушд раванди маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон идома медиҳад»

Мақсади сафари ҳайати Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон шиносоӣ бо татбиқи лоиҳаҳои дуҷонаба ва пешравиҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалисозии онҳо...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд

6 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия муҳтарам Башар Асад...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган...

Related news