4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Қирғизтаборони ноҳияи Мурғоб: «Тоҷикистон дар ягон ҳолат бо миллату халқияте муносибати неки ҳамсоядориро вайрон накардааст»

 «Мо, сокинони ноҳияи Мурғоб аз ҳодисаҳои ноҳияи Исфараи вилояти Суғд сахт андӯҳгин буда, амалҳои нопоки сарҳадбонони қирғизро маҳкум менамоем. Зеро Қирғизистон бо мақсади нопоки худ ба сӯи аҳолии осоиштаи ноҳияҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон тир холӣ кард. Ин амалу рафтори онҳо барвақт тарҳрезӣ шуда, нақшаеро инъикос менамояд, ки ҳаёти осоиштаи ду минтақаи бо ҳам ҳамсояро ноором созад. Қирғизистон бояд дарк намояд, ки ин ҷанг ба онҳо манфиате намеорад», — чунин омадааст дар муроҷиатномаи қирғизтаборони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба АМИТ «Ховар» расид.

Дар муроҷиатнома инчунин омадааст, ки ба ин ҳодиса мардуми қирғиз аллакай дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ чун айби роҳбарияти Қирғизистон баҳо додаанд. Чуноне ки худи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон зикр намудаанд, «мо халқи азияткашида ва бисёр камбизоат ҳастем. Мо ҷангро асло бо кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, ки бо бисёриашон хешу табор шудаем, намехоҳем».

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик миллати сулҳхоҳу сулҳҷӯ ва халқпарвари асил буда, ҳамеша бо давлатҳои ҳамсарҳади худ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ягон ҳолат тоҷикон бо дигар миллату халқият муносибаташонро вайрон накардаву ҳамеша барои пойдории сулҳу дӯстӣ кӯшиши зиёд намудаанд.

«Мо, ду халқи бо ҳам дӯсти ноҳияи Мурғоб — тоҷикону қирғизон солиёни зиёд мешавад, ки бо ҳам дар фазои сулҳу субот зиндагӣ ба сар бурда, дар тӯли таърих бо ҳам робитаи нек ва ибратомӯз доштаем, ки ин робитаҳо ҳанӯз ҳам пойдоранд. Мутаассифона, бархе гурӯҳҳои ноогоҳ мехоҳанд бо бозиҳои иғвоангези худ ҳаёти осоиштаи сокинонро ноором созанд. Имрӯз моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дӯстиву рафоқат ва ҳамкориро пешаи худ намуда, кӯшиш намоем, ки муносибати неку бародаронаамонро нигоҳ дорем. Танҳо муносибати неки инсондӯстонаи ду миллат метавонад садди роҳи ҳамаи мушкилот бошад», — гуфта мешавад дар хотимаи муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

АКС: МИҲД н. Мурғоб

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news