2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Тоҷикистон ба СММ ва ниҳодҳои он ҷиҳати омодагӣ барои расонидани кумак ба хонаводаю наздикони фавтидагон ва маҷрӯҳон изҳори сипос намуд

Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он ҷиҳати омода будан барои расонидани кумакҳои ҳамаҷониба ба Тоҷикистон ва ҳамчунин ба хонаводаю наздикони фавтидагон ва осебдидагон миннатдорӣ баён кард. Дар ин бора муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ 19 сентябр зимни брифинг дар Душанбе изҳор дошт.

Содиқ Имомӣ ба иштирокчиёни брифинг – намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ доир ба хронологияи рӯйдодҳои рӯзҳои охир ва тадбирҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи сарҳадӣ маълумоти муфассал дод.

14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд.

Маълумоти муфассали расмӣ дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хронологияи рӯйдодҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст.

Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news