4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Марзбонони қирғиз борҳо санадҳои оташбасро дағалона вайрон намуда, гуноҳро ба сари неруҳои марзбони Тоҷикистон мезананд

«Дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз хуни ноҳақ рехт. Аҳдшиканӣ, зери по намудани савганди низомӣ, ҳамсоянописандӣ, ифтихори хушку холӣ ва кӯрнамакӣ барин хислатҳои манфури инсонӣ барои марзбонони қирғиз ва роҳбарияти он одати ҳамешагӣ шудааст. Таҷриба нишон дод, ки марзбонони ин мамлакати ҳамсоя борҳо санадҳои оташбасро дағалона вайрон намудаву гуноҳро ба сари неруҳои марзбони Тоҷикистон мезананд. Ин навбат ҳам чунин шуд»,-гуфт профессор Саидмуроди Хоҷазод дар робита ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон.

Саидмуроди Хоҷазод иброз дошт, ки сарҳадбонони қирғиз ба марзи Тоҷикистон аҳдшиканона ҳамла карда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпаронӣ намуданд. Барои ин ҷурми ғайриинсонӣ, зишт ва хасмонаи худро пинҳон намудан мақомоти ин кишвар аз тамоми имконот истифода карданд. Дастгоҳи ташвиқотии онҳо дар ин ҳодисаҳо пайваста тарафи Тоҷикистонро гунаҳкор мекунад.

Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Ташиев тавассути расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла радиои «Озодӣ» ҷониби Тоҷикистонро ба истифодаи неруҳои таъйиноти махсус дар амалиёти марзӣ гунаҳкор менамояд, ки ин ҳам аз иғвои навбатии роҳбарияти кишвари ҳамсоя ва дурӯғпарокании онҳо тавассути ВАО-и электронӣ далолат мекунад. Аҷиб он аст, ки онҳо ҳуҷуми ҳавопаймоҳои бесарнишини худро ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон намебинанд, вале аз истифодаи техникаи низомии Тоҷикистон дар ин муноқишаҳо сухан мегӯянд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки ҳар амали зиштеро дер ё зуд посухест.

«Дар ин вазъияти мураккаб беҳтар он аст, ки ҳоло ба осиёби душманон ва нотавонбинон об нарезем, аз ақли солим кор бигирем, дар ҳалли масъалаҳои баҳснок ба назари ҳамдигар эҳтиром гузорем, дӯстӣ, ҳамсоягии некро сармашқи кор қарор дода, анъанаҳои неки дӯстонаи ҳамсоядориро барқарор намоем», — афзуд Саидмуроди Хоҷазод.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»,

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news