12.8 C
Tajikistan
Tuesday, September 27, 2022

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Куштори кӯдакону табибон ва мардуми осоишта сахттарин ҷиноят аст,- Садриддин Ҳасанзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Ба расми кўдакони дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара ҳалокгашта нигариста, дили кас хун мешавад. Куштори кӯдакону табибон ва мардуми осоишта сахтарин ҷиноят аст. Ин ҷинояти сангину  нобахшиданист ва набояд он ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузорад. Таърих чунин бераҳмиро   зиёд дар ёд дорад ва башарият баъди садсолаҳо ҳам  содиркунандагони  онро  нафрину  сарзаниш мекунанд. Магар инсони солим  метавонад дар ҳаққи фарзанди як каси дигар, боз бачаи ҳамсоя чунин разолатро раво бинад?!, — изҳор дошт Садриддин Ҳасанзода узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ Садриддин Ҳасанзода.

«Дар таърих мо бо ягон давлат ҷанг накардаем. Агар касе ба сарзамини мо ҳуҷум карда бошад, мо муқовимат ва дифоъ аз худ кардаем ва билохира пирӯз ҳам шудаем»,  гуфтаҳои шоири  зиндаёди  тоҷик Муъмин Қаноатро ёдовар шуд Садриддин Ҳасанзода.

«Қариб аксари мардуми Қирғизистон давлату ҳукуматашонро эътироф намекунанд. Ҳамеша ба пешниҳоду амалкардҳои президенти худ муқовимат менамоянд. Қариб ҳар сол дар Қирғизистон исён мекунанд.  Ҳамин аст, ки дар ин давлат президентҳо зуд-зуд иваз мешаванд ва сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар ин кишвар меафзояд. Дар ин давлат гурӯҳҳои мухталиф амал ва худсарона шӯришу иғвоҳо барпо мекунанд. Ҳамла бар сарзамини мо низ дар пайи дасисаҳои ҳамин гурӯҳҳои иғвогару манфиатҷў тарҳрезӣ шудааст», -таъкид намуд нависанда.

Номбурда тазаккур дод, ки «имрӯз мо бо ҳамсоякишварҳои   худ дӯсту бародар ҳастем, ки ин аз иттиҳоди мардум ва пуштибонӣ аз сиёсати давлату ҳукуматамон, бахусус сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сарчашма мегирад. Имрӯз Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дунё муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобила ба роҳ мондааст. Яке аз онҳо- дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон аст, ки ба шарофати Сарони ин давлатҳо ва сиёсати хирадмандонаи онҳо  дар фазои суботу оромӣ зиндагӣ дошта,  ҳар ду ҷониб аз ин муносиботи  хуб манфиати зиёд мебинанд».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Latest news

«БЕХАТАРИИ ОБӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР». Таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад

 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028» ва...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад, хабар медиҳад АМИТ...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқот намуданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои...

Related news