2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Золим ноком ва ҳар мағруре мағлуб аст, — Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шӯрои уламо

 «Золим ноком  ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки  болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид  тир холӣ мекунад ва  ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид  инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони  силоҳдори равона ба ҷанг. Ин одамон бо мақсаде ба масҷид рафта буданд, ки парвардигорашонро саҷда кунанд ва бо шукргузорӣ барои пойдории сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистон дуо намоянд». Чунин баёни назар намуд Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода вобаста ба ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон 16 сентябр ба масҷиди ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров, ки дар натиҷаи он 12 нафар сокини осоиштаи ин диёр зимни ибодат кушта шуданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода мегӯяд, ки «навореро дидам, ки  чанд нафар низомиёни қирғиз дар сари компютер нишаста, бо дидани  таркиши масҷиди мазкур қаҳ-қаҳа ва каф мезананд, мисли он ки дунёро гирифта бошанд. Чӣ қаҳрамоние карданд онҳо? Мӯйсафедони солхӯрдаеро, ки барои ибодат ба масҷид рафта буданд, қатл карданд. Ин ваҳшоният нест? Аз ин рафтори онҳо инсон дар ҳайрат мемонад. Ақл куҷост, инсоният, шарофат ва нангу номус куҷо шуданд? Бояд, ки шахси мусалмон  ҳамеша аз рӯи ақлу хирад ва дурандешона амалу рафтор намояд».

«Ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ гуноҳи азим ва нобахшиданист. Ин таҷовуз аст, ин зӯроварист, ки одамонро барои ватанашон, барои хонаву дарашон омада, мепаронанд. Онҳое, ки хуни ноҳақ рехтаанд,  барои ҳар қатраи он дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд. Зеро Худовандаи азза ва ҷалла бегуноҳ ба қатл расонидани инсонҳоро намебахшад ва онҳо ҳатман ҷазояшро мебинанд», — гуфт Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news