2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар тӯли 12 сол дар марз бо ин кишвар 230 муноқишаи мусаллаҳона рух додааст

Дар тӯли 12 сол дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 230 ҳодисаи мусаллаҳона сабт шудааст. Дар ин бора дирӯз, 19 сентябр зимни брифинг муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ изҳор намуд.

«Дар 12 соли охир дар хати сарҳад [миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон] беш аз 230 ҳодиса бо истифода аз силоҳ рух додааст», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои аввал ҷониби Тоҷикистон бо дидани талафоти ҷонӣ миёни аҳолии осоишта ва низомиён аз ҳар гуна иқдоми ҷавобӣ худдорӣ мекард. «Гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ борҳо маъракаи халъи силоҳи аҳолиро анҷом дод, дар ҳоле, ки ҳамсояҳои мо сиёсати тамоман дигарро пеш гирифта будаанд», — таъкид кард муовини вазир.

Вазъият дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон 14 сентябр шиддат гирифт. Даргирӣ миёни марзбонони ду кишвар бо истифода аз аслиҳаи сангин субҳи барвақти рӯзи ҷумъаи 16 сентябр аз нав шурӯъ шуда, дар ҳудуди марзи муштарак сурат гирифт. Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ҳамон рӯз дидору гуфтугӯ карда, дар бораи оташбас ба мувофиқа расиданд.

Баъдан раисони кумитаҳои амнияти ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки иқдомро барои ҷилавгирӣ аз иғво ва даргириҳо дар марз ҳамоҳанг кунанд. Аммо бино ба маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистон борҳо тавофуқоти ҳосилшударо вайрон карда, ба сӯи қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла ба самти маҳалҳои аҳолинишин оташ кушодааст.

Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, бар асари тирпаронӣ 41 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 тан захмӣ шудаанд.

ДАР АКС: муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ С. Имомӣ. Акс: АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news