2.9 C
Tajikistan
Wednesday, October 4, 2023

Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон густариш меёбанд

Масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯз зимни мулоқоти Раиси комиссияи назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Нақши парлумонҳои мо дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои якдигар хеле муҳим ва назаррас мебошад, — таъкид кард  Ҷамшед Муртазозода ва афзуд, ки аз ин рӯ, мо бояд ҳарчӣ бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем. Мавсуф фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро қадами бисёр муҳим ҷиҳати тақвият ёфтани робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳарду мамлакат арзёбӣ намуд.

Дар ин замина боздидҳои Сарони давлатҳо аз кишварҳои якдигар ба рушди муносибатҳо такони мусбат бахшида, таҳкимгари пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ гардидаанд.

Зимни мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки самти ҳамкории фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар сатҳи вусъатёбанда рушд ёфтааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин вобаста ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карда шуд.

Акс: МН МО ҶТ

Latest news

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт

5 октябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ҷойи ифтихору фараҳмандӣ аст, ки дар рӯзгори соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони...

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Related news