4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ доир гардид

Масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди нахи пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он ба давлати Кувайт ва кишварҳои Халиҷи Форс дар ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, роҳбари ҳайати кувайтӣ, Ҳамраиси комиссия аз ҷониби Давлати Кувайт Асел Сулаймон ал- Саъд ал- Мунифӣ, соҳибкорону намояндагони ширкатҳои бонуфузи Кувайт ва намояндагони Палатаи савдо ва саноат ширкат варзиданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Кувайт соли 2016 ба рушди ҳамкории дуҷониба заминаи нав гузошт.

Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо вобаста ба густариш додани ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи кувайтӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк, оби нӯшокӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти дорандаи тамғаи «Ҳалол» мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди нахи пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он ба давлати Кувайт ва кишварҳои Халиҷи Форс ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба густариши ҳамкорӣ барои рушди инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои кувайтӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш санади байниҳукуматӣ ба имзо расид, ки он тақвияти ҳамкорӣ дар самти энергетика, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки мамлакатро дар бар мегирад.

Дар доираи ҷаласа ҳайати Давлати Кувайт 21 сентябр  аз  ҶДММ «Сиёма», ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶДММ «Артел –Авесто Электроникс» дидан намуда, бо фаъолияти корхонаҳои мазкур аз наздик шинос мешавад.

Дар ин рўз меҳмонон ҳамчунин бо мақсади бештар шинос шудан бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик  аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти соли 1995 барқарор шудаанд.

Давлати Кувайт дар қатори нахустин давлатҳои ҷаҳон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт 24 июни соли 2013 дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт расман ифтитоҳ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба соли 1995 аз  Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал оварданд. Зимни ин сафарҳо Сарвари давлат бо Амири Давлати Кувайт Шайх Аҳмад ал-Ҳамад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2017 дар Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 28 марти соли 2016 дар  Кувайт намоиши барномаҳои консертӣ, аксҳо, ҳамчунин ярмарка-намоиши маҳсули дасти ҳунармандон ва хӯрокҳои миллиро баргузор намуда буд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news