4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркиро шадидан маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Бағдод Амреевро роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шадидан маҳкум кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«16 сентябри соли 2022 дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Б.Амреев роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот дод. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти мазкурро шадидан маҳкум мекунад», — омадааст дар изҳороти вазорат.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки изҳороти Б.Амреев таассуфовар мебошад, зеро он ба ҳадафҳои эълонкардаи Созмон, ки яке аз онҳо гузоштани саҳми муштарак дар таъмини сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон мебошад, мухолифат мекунад.

Чунин изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли тамоми масъалаҳои дуҷониба танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ монеа ба вуҷуд меорад.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news