2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Гурӯҳи корӣ дар Исфара теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии харобгаштаро муайян мекунад

Дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара иншооти гуногун, аз ҷумла манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар дидаву хароб гардидаанд, айни замон аз ҷониби мақомоти марбута барои муайянсозии хисорот гурӯҳи корӣ ташкил шуда, теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии зарардида дақиқ карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Аксҳо аз минтақаҳои наздисарҳадии Исфара бори дигар собит менамоянд, ки қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти тирборон қарор додаву оташ задаанд.

Бо пешниҳоди аксҳо аз ҷойи воқеаҳои охир аз созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону коршиносони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ даъват карда мешавад, ки зери таъсири иғвою дасисаҳо ва дурӯғпарокании дастгоҳҳои таблиғотии кишвари ҳамсоя намонда, ба ҳодисаҳо ахир бо чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият баҳо гузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news