-2 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

Миёни Тоҷикистон ва Кувайт тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шуд

Дар доираи ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамраиси комиссия Завқӣ Завқизода бо Роҳбари ҳайати кувайтӣ, Ҳамраиси комиссия аз ҷониби Давлати Кувайт хонум Асел Сулаймон ал- Саъд ал- Мунифӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истиснод ба вазорати мазкур хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ З. Завқизода зикр намуд, ки сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Кувайт соли 2016 ба рушди ҳамкории дуҷониба заминаи нав гузошт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба густариш додани ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи кувайтӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк, оби нӯшокӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти дорандаи тамғаи «Ҳалол» мубодилаи афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба густариши ҳамкорӣ барои рушди инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои кувайтӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news