12.8 C
Tajikistan
Tuesday, September 27, 2022

ИТТИЛОИЯ. Дар бораи вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастгирии дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶҚ 14 сентябр, соати 7:15 бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷаи амалҳои душманона, аз ҷумла тирборон кардани мавқеи посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон ду нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардиданд. Дар ин бора дар иттилоияе, ки дар саҳифаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Facebook нашр шудааст, гуфта мешавад.

Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ интиқол дода шуданд.

Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 14:10, баъди эълони оташбас, низомиёни Қирғизистон бо истифода аз силоҳи гурӯҳӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини Лангар ва Сари Бозор ҳамла карданд. Илова бар ин, ҳангоми тирборон кардани бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и ҷамоати Чоркӯҳ хонандагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Новобаста аз тавофуқи бадастомада оид ба эътидол овардани вазъ ва ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагӣ, 16 сентябр соати 04:50 низомиёни қирғиз бо истифода аз силоҳҳои вазнин ба тирборони дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Кормандони низомии Ҷумҳурии Қирғизистон бо истифода аз техникаи ҳарбӣ деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд. Аз чумла, маҳаллаҳои аҳолинишини деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфара бо истифода аз БМП ва БТР тирборон карда шуданд.

Худи ҳамон рӯз тахминан соати 06:30 низомиёни таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди деҳаи Боғдории ҷамоати Чилғозии шаҳри Исфара ворид шуда, 16 манзили сокинони маҳаллиро оташ заданд ва дуздиву ғоратгарӣ карданд. Ғайриқонунӣ ба хонаи пиразан даромада, ӯро бо бераҳмии махсус куштанд.

Ҳамчунин иншооти инфрасохтори шаҳрвандӣ зери ҳамлаҳои мақсадноки хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифтанд. Хатти интиқоли неруи барқи «Шуроб» вайрон шуд, пули деҳаи Чорқишлоқ мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар маҳаллаҳои аҳолиниши Боғистон ва Лакони шахри Исфара хонаҳои шаҳрвандон ва иншооти ёрирасон ба таври оммавӣ оташ зада шуданд. Бар асари оташи низомиёни Қирғизистон дар ҷамоати Чоркӯҳ панҷ узви як хонавода, аз ҷумла як духтарчаи 6-сола, як писарчаи 5-сола ва як зани ҳаштмоҳа ҳомиладор кушта шуданд.

Аз соати 07:30 ҷониби Қирғизистон дар тамоми хатти сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон оташ кушод. Дар деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷ.Расулов ҳамлаҳои оммавӣ бо истифода аз аслиҳаи вазнин ба маҳалҳои аҳолинишин ба қайд гирифта шуд. Дар ин самт ҚМ ҶҚ 20 адад мошинҳои зиреҳпӯши вазнин, ки пешакӣ барои ҳамлаи мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуда буданд, истифода карданд. Бинои мактаби миёнаи деҳаи Боғистони шаҳри Исфара тирборон карда шуд. Дар деҳаи Боғистони Исфара бар асари оташи 8 танк ва 2 БТР 8 хона хароб ва сӯзонда шуданд. Ҳамзамон, манзилҳои мардуми осоиштаи деҳаи Сомониён аз ҷониби 10 БРДМ-и ҚМ ҶК мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Илова бар ин, тахминан соати 07:35, 16 сентябри соли 2022, дар натиҷаи ҳамлаи миномётии ҷониби Қирғизистон ба маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров ду зани соли таваллудашон 1948 ва 1962 кушта шудаанд ва 5 нафар аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла ноболиғон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Бо вуҷуди талошҳои чандинкаратаи ҷониби Тоҷикистон барои расидан ба оташбас ва азсаргирии музокироти сулҳ, ҷониби Қирғизистон тирборони маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Исфара ва ҳамчунин ҳудудҳои ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Ҷ.Расуловро идома дод.

16 сентябри соли 2022, тахминан соати 19:10, баъди эълони оташбас, низомиёни қирғиз ба сӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №225-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дубора оташ кушоданд, ки дар натиҷа ба муассисаи таълимии мазкур зарари калони моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин, ҳангоми тирпарронии ҷониби Қирғизистон бинои мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати мазкур пурра сӯхт.

Бар хилофи принсипҳои умумэътирофи инсондӯстӣ ва бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона низомиёни Қирғизистон бо истифода аз мошинҳои зиреҳпӯш мошини ёрии таъҷилиро дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Зумради Исфара, ки ҳомили сокинони осоишта маҷруҳ буд, зери тирборон қарор доданд. Бар асари ин ҳамла панҷ узви як хонавода, аз ҷумла ду кӯдак — Асмоа, соли таваллудаш 11 июли соли 2016 ва Имрон, соли таваллудаш 5 декабри соли 2017, фелдшери ёрии таъҷилӣ ва ронанда кушта шуданд.

Ба ҷуз аз мошинҳои зиреҳпӯши вазнин, пас аз имзои Протоколи №41 аз 16 сентябри соли 2022 дар бораи эълони оташбас аз соати 16:00-и ҳамон рӯз байни роҳбарони ду комиссия — Ятимов С.С. ва Ташиев Қ.Қ., ҷониби Қирғизистон ҳангоми ҳамла аз чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин зарбазананда (БПЛА) истифода кард. Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавопаймои бесарнишини ҷониби Қирғизистон ба бинои мактаби рақами 8-и ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров 6 нафар сокинони осиошта ва бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба масҷиди ҳамин ҷамоат 12 нафар кушта шуда, беш аз 20 нафар, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола ҷароҳат бардоштанд.

АКС аз бойгонӣ

Latest news

«БЕХАТАРИИ ОБӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР». Таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад

 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028» ва...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад, хабар медиҳад АМИТ...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқот намуданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои...

Related news