5.1 C
Tajikistan
Tuesday, May 30, 2023

Дар ноҳияи Дарвоз муҷассамаҳои арбобони шинохтаи санъати тоҷик гузошта мешаванд

Дар маркази ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони муҷассамаҳои арбобони шинохтаи санъати тоҷик Борбади Марвазӣ, Акашариф Ҷӯра ва Абдулло Назрӣ аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз.

Дар баробари ин дар деҳаи Умараки Ҷамоати деҳоти Қалъаихум муҷассама ва Осорхонаи шоир Мӯъмин Қаноат низ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар муддати 31 соли истиқлолият дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд, аз ҷумла кушодашавии роҳи байналмилалии мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум, қитъаи шоҳроҳи Шкев — Қалъаихум ва дар марҳилаи ифтитоҳ қарор доштани аввалин нақби мошингузар дар ноҳияи Дарвоз туҳфаи арзишманд барои кулли сокинони ноҳия ва мардуми Бадахшон буда, имрӯз сохтмони қитъаи алоҳидаи шоҳроҳи Қалъаихум-дарвозаи Рӯшон бо маром идома дорад.

Дар ноҳияи Дарвоз бо ташаббуси соҳибкорон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия коргоҳу корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, аз ҷумла НБО-и хурди «Ширг 1 ва 2», «Карон-мармар», «Карон-гавҳарнигор», «Кохи бонувон», «Шимшо», «Таком-голд», «Ахтари меҳр», «Карон-калсит», «Парки инноватсионии технологию саноатӣ» ва боз даҳҳои дигар ба истифода дода шуда, фаъолият доранд, ки дар ғанӣ намудани буҷети маҳаллӣ ва пайдо сохтани ҷойи нави корӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Дар баробари ин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз бунёди 103 иншоот дар назар буда, аллакай 11 адади он аз тарафи соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия ба истифода дода мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news