12.8 C
Tajikistan
Tuesday, September 27, 2022

Дар шаҳрҳои Женева ва Тсюрих 13-14 сентябр ба муносибати таҷлили 31-ум солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Хамоиш бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар ҳамкорӣ бо ширкати «Микро Капитал» роҳандозӣ гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов оид ба дастовардҳои мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши онҳо дар раванди таъмини сулҳу субот ва татбиқи ҳадафҳои иқтисоди устувор сухан кард.

Инчунин, ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ гардиданд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки баргузории чунин ҳамоиш ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Зимнан, дар доираи ҳамоиш расмҳо бо инъикоси фарҳанги миллӣ ва навозиши асбобҳои мусиқии тоҷикӣ намоиш дода шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

«БЕХАТАРИИ ОБӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР». Таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад

 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028» ва...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад, хабар медиҳад АМИТ...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқот намуданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои...

Related news