-3.6 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

 Ба ҳолати соати 10:00-и 16 сентябри соли 2022 дар тамоми самтҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳона идома дошта, қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти гулулаандозӣ ва тирпарронӣ қарор додаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истиснод ба дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз тарафи мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, соатҳои 06:30 ва 07:30-дақиқа, иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуда, роҳандозии гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо хизматчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ин пешниҳодотро нодида гирифтанд ва аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро зери оташи шадид қарор доданд.

Хизматчиёни воҳидҳои таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лакони шаҳри Исфара ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ заданд.

Айни замон, талошҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият, бо сабаби ба инобат гирифта нашудани пешниҳодоти гуфтушунидҳои сулҳомез аз тарафи низомиёни Қирғизистон, натиҷаи мусбат надода истодаанд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news