-3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Қувваҳои низомии Ҷумҳурии Қирғизистон шарту талаботҳои оташбаси эълоншударо нодида гирифта, 17 сентябри соли 2022, соати 11:50 аз мавқеи ноҳияи Ҷонолойи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби хонаҳои сокинони деҳаи Тоҷварони ҷамоати Сайлиободи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз техникаи ҷангии “Град” оташ кушоданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истиснод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа 4 сокини деҳаи мазкур захмдор шуда, 3 манзили истиқоматӣ хароб гардиданд.

Соати 14:30-и ҳамин рӯз вохӯрии намояндагони ниҳодҳои марбутаи ду кишвар баргузор гардида, тарафҳо оиди оташбас ва ба эътидол овардани вазъият мувофиқа намуданд.

«Аммо соати 17:20 ва такроран соати 18:10, сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии “Град” ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд», — омадааст дар иттилоия.

Соати 19:00-и бегоҳ ду ҷониб оид ба оташбаси навбатӣ ба созиш расиданд.

Аммо вазъият дар хати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи мазкур мураккаб боқӣ мемонад.

АКС аз бойгонӣ 

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news