3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хона-музейи устод С. Айнӣ дар шаҳри Самарқанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба хона-музейи устод Садриддин Айнӣ китоби «Тоҷикон»-и аломма Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун рамзи эҳтиром ба сардафтари адабиёти муосири тоҷик тақдим намуданд.

«Ҳамчун рамзи эҳтиром ва гиромидошти шахсияти бузурги устод Садриддин Айнӣ ин китоб ба хона-музейи ёдгории устод С. Айнӣ эҳдо гардид. Хизмати устод С. Айнӣ барои халқи тоҷик барҷаста ва беназир аст», — омадааст дар дастхате, ки дар саҳифаи аввали китоб аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст.

Китоби мазкур аз номи Пешвои миллат аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳузури як зумра зиёиёни шаҳри Самарқанд тақдим карда шуд.

Зимни тақдими китоб зикр гардид, ки нақши устод С. Айнӣ дар тарбияи насли нави адибони тоҷик ва узбек беназир мебошад.

Гуфта шуд, ки дар садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандасраи равобити дӯстонаи тоҷикон ва узбекон буда, дар ин роҳ хидмати шоистаеро ба анҷом расондааст. Устод Айнӣ бо адибони узбек — Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом ҳамкории наздики эҷодӣ барқарор карда, дар тарбияи онҳо нақши назаррас дорад. Вай аз аввали қарни ХХ бо ду забон — тоҷикӣ ва узбекӣ асар эҷод карда, ба тақдири халқи узбек ва сарнавишти фарзандони он баҳои воқеӣ додааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news