15 сентябр дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва сулҳофаринӣ Розмари Дикарло баргузор гардид. Дар бора АМИТ «Ховар» бо истиснод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медихад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва СММ-ро бо таваҷҷуҳ ба пешрафт дар ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор баррасӣ карданд.
Мусоҳибон ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об диққати махсус зоҳир намуданд. Муовини дабири кулл ба Тоҷикистон барои ташаббусҳои байналмилалӣ ва нақши пешсафияш дар соҳаи дипломатияи об дар сатҳи ҷаҳонӣ изҳори сипос кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, бахусус вазъи Афғонистон табодули назар намуданд. С.Муҳриддин ба самъи намояндаи воломақоми СММ мавқеи Тоҷикистонро оид ба вазъият дар Афғонистон расонид.
Дар навбати худ, Р.Дикарло нисбат ба арзёбиҳои ҷониби Тоҷикистон изҳори мувофиқат намуда, омодагии СММ ва ниҳодҳои онро барои расонидани кумак ва дастгирии ҳамаҷониба ба Тоҷикистон дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ тасдиқ кард.
Акс: ВКХ ҶТ