16 сентябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо роҳбари Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон «Корпоратсияи байналмилалии тиҷоратӣ» Руслан Марк ва муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии Ҳукумати Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Арбӣ Абубакаров мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкории мустақим миёни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Россия ҷиҳати ҷалби сармоя бо назардошти зарфиятҳои фаровони мутақобила табодули афкор намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»