Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин бора 13 сентябр зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов сухан гуфта шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ва Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зулфия Давлатзода ва Валихан Туреханов дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин доир ба иштироки намояндагони Қазоқистон дар Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегарданд ва баргузории барномаи консертии ҳунармандони классики Қазоқистон дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ