4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Лоиҳаи «Барномаи рушди савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» таҳия мегардад

13-14 сентябр бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва коршиносони Маркази байналмилалии савдо (ITC) оид ба таҳияи лоиҳаи «Барномаи рушди савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» машварат баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истиснод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишар хабар медиҳад.

Дар машварат муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода вобаста ба корҳои амалигардида ва ҳадафу афзалияти пешбинишуда дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар оид ба иқтисоди рақамӣ, бахусус тиҷорати электронӣ маълумоти пурра пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба роҳандозӣ намудани савдои электронӣ корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.

Аз ҷумла, Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул карда шуданд. Илова бар ин Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи имзои рақамӣ қабул гардида, Қонун «Дар бораи тиҷорати электронӣ» дар марҳилаи ниҳоии қабулшавӣ қарор дорад.

«Барномаи рушди савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва бо мақсади иҷрои ҳадафу афзалияти пешбинигардида дар барномаву ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, рушди ҳамкории тиҷоратӣ, роҳёбии бештар ба бозори ҷаҳонӣ тавассути рақамикунонии соҳа, таъмини низоми содакардашудаи савдои электронӣ, содагардонии расмиёти савдо, ҷалби сармояи хориҷӣ ва гузаронидани арзёбии ин самт дар ҳоли таҳия қарор дорад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news