0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Дар Хатлон ҳамасола ҳавзҳои моҳӣ аз 40 то 50 гектар зиёд карда мешаванд

Тибқи дурнамо, соли равон хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон бояд 4500 тонна моҳии хушсифат истеҳсол намоянд. То моҳи июли соли равон хоҷагиҳои мазкур 816,1 тонна моҳӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт моҳи соли гузашта 237 тонна зиёд мебошад. Ҳамасола дар ҳудуди вилоят аз 40 то 50 гектар ҳавзҳои моҳӣ зиёд шуда истодаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон.

Тавре масъулин иброз доштанд, қабули «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» барои панҷ соли минбаъда ба хоҷагидорону соҳибкороне, ки майл ба соҳаи моҳипарварӣ доранд, имконияти хубе фароҳам овард. Онҳо аз имтиёзҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати кишвар ба соҳаи мазкур ва дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасманд шуда, ҷиҳати васеъ намудани майдони хоҷагиҳои моҳипарварӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Феълан дар ҳудуди вилояти Хатлон 276 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият менамоянд, ки масоҳати ҳавзҳои онҳо дар маҷмӯъ 2703 гектарро дар бар мегирад. Соли равон дар ҳудуди вилоят 16 адад хоҷагиҳои моҳипарварии нав ташкил ёфтааст. Моҳипарварони вилоят мақсад доранд, ки аз ҳар гектар ҳавз ба миқдори 2 тонна моҳӣ истеҳсол намуда, бо ин роҳ дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ дар оянда содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар соҳаи моҳипарварӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият бозтавлиди моҳичаҳо ба ҳисоб меравад. Дар айни замон дар кӯлу ҳавзҳои моҳипарварии вилояти Хатлон 3 миллиону 587 ҳазор кирминамоҳиҳои гуногун, аз қабили зағорамоҳӣ, амури сафед, пешонапаҳми сафед, карп ва карпи ялаққосӣ парвариш ёфта истодаанд, ки нашъунамои онҳо хуб мебошад. Ҳамчунин ҷиҳати таъмини моҳичаҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар бо ибтикори Корпоратсияи «Моҳии тоҷик» дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди корхонаи истеҳсоли моҳичаҳо бомаром идома дошта, дар ин корхона дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шуда, бозтавлиди моҳичаҳо роҳандозӣ мегардад. Иқтидори истеҳсолии ин корхона 10 миллион моҳича дар як сол буда, баъди якмоҳагӣ тибқи талабот онҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар фиристода мешаванд.

Дар вилояти Хатлон бо мақсади барқарор кардани экосистемаҳои дарёҳо ҳамасола таҷрибаи ба обанборҳо сар додани моҳичаҳо амалӣ карда мешавад. Шурӯъ аз соли 2017 то инҷониб ба обанборҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ба миқдори 2 миллиону 125 ҳазор кирминамоҳӣ сар дода шудаанд, ки ин иқдом ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ҳамасола ба роҳ монда мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news