-12.5 C
Tajikistan
Friday, December 9, 2022

Соҳибкорони вилояти Хатлон бо фаъолияти Минтақаи муташаккили саноатӣ Газиантепи Туркия шинос шуданд

 Тавре қаблан иттилоъ додем, 11 сентябр ҳайати ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд. Ҳадафи ин сафар ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Бурса ва Истанбул мебошад, ки он то 18 сентябр идома меёбад. Гурўҳи мазкур бо  фаъолияти  Минтақаи муташаккили саноатии  Газиантепи Ҷумҳурии Туркия аз наздик шинос шуд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар доираи сафар мулоқоти  Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон дар шаҳри Газиантепи Туркия бо маъмурияти Минтақаи муташаккили саноатии  Газиантеп  доир гардид.

Зимни мулоқот намояндаи Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп оид ба фаъолият ва дурнамои минтақа маълумот дод. Зикр гардид, ки дар Газиантеп 6 минтақаи муташаккили саноатӣ мавҷуд буда,  масоҳати 4,5 ҳазор гектарро дар бар мегирад. Дар беш аз 1000 ширкати истеҳсолие, ки дар ҳудуди ин минтақаҳои саноатӣ фаъолият доранд, 250 ҳазор нафар кор мекунанд.

Ноиби президенти Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп Умар Ҷинҷикчи афзуд, ки феълан дар Минтақаи мазкур  то 30 ширкати хориҷӣ, аз ҷумла аз Сурия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва  кишварҳои Балтик фаъолият доранд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар мулоқот бо масъулини ММС ва соҳибкорони Газиантеп зикр кард, ки солҳои тулонист Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия муносибати дӯстона ва ҳамкории зич дорад, ки дар асоси принсипҳои эҳтироми якдигар, эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн бунёд шудаанд.

Айни замон бештар аз 100 ширкати сармоягузории Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд ва ҳаҷми сармоягузорӣ ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад.

Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин доир ба зарфиятҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва самтҳои асосии сармоягузорӣ маълумот дода, иброз дошт, ки барои бунёди корхонаҳои муштарак ва тақвияти ҳамкорӣ  дар вилоят захираҳои зиёди ашёи хом ва имконияту иқтидорҳои зарурӣ мавҷуд мебошад.

«Сафари мо ба Ҷумҳурии Туркия баҳри  дарёфти ҳамкории судманд дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла растанипарварию чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, тақвияти ҳунармандӣ ва инчунин ба роҳ мондани алоқаи мустақим байни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатии ба содиротнигаронидашуда равона  гардидааст»,- афзуд Раиси вилояти Хатлон.

Дар идомаи мулоқот миёни масъулини вилояти Хатлон ва Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп, инчунин доираҳои тиҷоратии ҳар ду ҷониб вобаста ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳунармандӣ, имкониятҳо барои роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи туркӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар интиҳои мулоқот раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва ноиби президенти Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп Умар Ҷинҷикчи санади ҳамкориро оид рушди равобити иқтисодию тиҷоратӣ, баррасии имконияти сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноати сабук ба имзо расониданд.

Ҳамчунин санади ҳамкорӣ миёни роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Илҳом Камол ва ноиби президенти ММС-и Газиантеп Умар Ҷинҷикчи ба имзо расида, аз ҳайати музофоти Газиантеп, аз ҷумла ММС-и Газиантеп даъват карда шуд, ки  соли оянда ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ташриф биоранд.

Пас аз мулоқот бо роҳбарияти ММС-и Газиантеп гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолию саноатии ин минтақа шинос шуданд.

АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news