-10.7 C
Tajikistan
Sunday, January 29, 2023

Намояндагони вилояти Хатлон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «Экспо-2023» иштирок мекунанд

Намояндагони вилояти Хатлон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «Экспо-2023», ки соли оянда дар шаҳри Қаҳрамонмараши Ҷумҳурии Туркия доир мегардад, иштирок мекунанд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Имрӯз дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Раиси ноҳияи Оникишубат Ханефи Маҳчичек доир гардид.

Ханефи Маҳчичек роҳбарияти вилояти Хатлонро даъват кард, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «Экспо-2023», ки соли оянда дар шаҳри Қаҳрамонмараш баргузор мешавад, иштирок намоянд.

Дар мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Ашраф Гулов, раисони шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Балҷувон, инчунин масъулони раёсатҳои рушди иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Раиси ноҳияи Оникишубат иброз намуд, ки шарикии мутақобилан судманд ва фаъолияти муштараки Туркия ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳои мо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган рушд ёфта истодаанд.

Раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки вилояти Хатлон бо назардошти дастуру ҳидоят ва тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш дорад ҳамкории мутақобилан судмандро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ бо манотиқи Туркия таҳким бахшад.

Дар мулоқот ҷонибҳо иброз доштанд, ки то имрӯз бо сармоягузории муштарак ва ё танҳо сармояи туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 80 корхона дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти тайёр фаъолият мекунанд.

Бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду давлат имрӯз миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва ноҳияи Оникишубати Қаҳрамонмараш ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ҳамчунин дар доираи сафар имрӯз ҳайати вилояти Хатлон бо волии вилояти Газиантеп Давут Гюл мулоқот намуд.

Зимни мулоқот муштаракоти фарҳангию равобити дерини дӯстонаи Тоҷикистону Туркия таъкид шуда, зикр гардид, ки ин ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ сол аз сол вусъат меёбад.

Волии вилояти Газиантеп Давут Гюл ҳайати вилояти Хатлонро хайрамақдам гуфта, доир ба зарфияти ин минтақаи ҷанубии Туркия маълумот дод. Мавсуф иброз дошт, ки асоси иқтисодиёти Газиантепро истеҳсолоти саноатӣ ташкил медиҳад. Газиантеп бузургтарин истеҳсолкунандаи қолинҳои мошинсоз, писта, донаи наск, халтаҳои полипропиленӣ, орди гандум, макарон, масолеҳи бофандагӣ, матоъ, қаннодӣ, маводи гигиенӣ, чархҳои ресандагӣ мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия ба дарёфти ҳамкории судманд дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла растанипарварию чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, тақвияти ҳунармандӣ ва инчунин ба роҳ мондани алоқаи мустақим миёни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатии ба содиротнигаронидашуда, инчунин шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи корхонаҳои истеҳсолии Туркия равона шудааст.

Дар мулоқот зикр шуд, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Туркия 35,5 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра аз вилояти Хатлон ба минтақаҳои Туркия бо маблағи зиёда аз 32,1 миллион доллар маҳсулот содирот шуда, аз Ҷумҳурии Туркия ба маблағи 3,4 миллион доллар маҳсулот воридот шудааст.

Аз Ҷумҳурии Туркия асосан маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, техникаи маишӣ, либосворӣ, пойафзол ворид гардида, аз вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия асосан нахи пахта, ришта ва чарм содирот шудааст.

Дар мулоқот вобаста ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самти рушди саноат, кишоварзӣ, омодасозии мутахассисони касбӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Latest news

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов...

Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо ба нашр расид

Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид.

«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму...

Related news