2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ наздик ба 2,9 миллиард доллар расид

Аз оғози соли 2022 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба сатҳи беш аз 2 миллиарду 871 миллион доллар расидааст, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Sputnik»-и Русия бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар хабар омадааст, ки дар давраи зикршуда ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистон ва ду кишвари узви Созмони ҳамкории Шанхай — Қирғизистон ва Покистон коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин, афзоиши гардиши мол бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, Чин, Узбекистон ва Ҳиндустон ба мушоҳида мерасад.

Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар аз феҳристи СҲШ дар давраи сипаригашта беш аз 2,8 миллиард долларро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба воридоти мол аз кишварҳои СҲШ ҳудуди 2,1 миллиард доллар рост меояд. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар СҲШ Русия, Қазоқистон, Чин ва Узбекистон боқӣ мемонанд. Маблағи муомилот бо ин кишварҳо аз оғози соли 2022 ба 2,770 млрд доллар расидааст.

Муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои СҲШ дар ин давра манфӣ арзёбӣ мегардад, ки ин ҳам ба он хотир аст, ки воридоти маҳсулот аз ин давлатҳо ба ҷумҳурӣ нисбат ба содирот хеле бартарӣ дорад.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news