6.2 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Миёни Тоҷикистон ва Дафтари аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

11 сентябр дар доираи баргузории Иҷлосияи 72-уми Дафтари аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) , ки дар шаҳри Тел-Авиви давлати Исроил ҷараён дорад, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори Дафтари минтақавии ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге Созишномаи нави ҳамкории дусоларо ба имзо расонид. Дар ин бора АМИТ «Ховар бо истиснос ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта шуд, ки имзои ин Созишномаи нави ҳамкории дусола марҳалаи муҳим дар муносибатҳои дарозмуддати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТУТ ба шумор меравад. Созишнома мазкур ҳадаф ва нақшаҳои муҳими таҳкими низоми тандурустии Тоҷикистонро дарбар мегирад, ки ТУТ дар ин самт дастгирии техникӣ ва молиявӣ хоҳад расонид.

Бояд гуфт, ки пандемияи COVID-19 сабақҳои муҳимеро вобаста ба роҳҳои минбаъд беҳтар кардани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ба миён овард. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба мувофиқа расиданд, ки сабақҳои аз ин пандемия андӯхтаро дар саъю кӯшиши муштараки худ барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ истифода баранд. Ин масъала дар Созишномаи нави ҳамкории дусола, ки ба имзо расид, махсус дарҷ гардидааст.

Созишнома на танҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна сабақҳои аз пандемияи COVID-19 гирифташуда метавонанд саломатӣ ва соҳаи тандурустиро беҳтар гардонанд, балки он ба Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Иҷлосияи 72-уми Кумитаи минтақавии ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо аз 12 то 14 сентябр дар шаҳри Тел-Авиви давлати Исроил идома меёбад, ки дар он намояндагон аз 53 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Иҷлосия ҳайати Вазорати тандурустӣ таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамоллидин Абдулозода намояндагӣ мекунад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news