4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият мебахшанд

 Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд.

Маҳмадтоир Зокирзода таъкид кард, ки фаъолият доштани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду кишвар заминаи хуберо барои таҳкими ин муносибот ба вуҷуд меорад. Боздиди ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз мамлакатҳои ҳамдигар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ кумак хоҳад кард.

Соҳиба Ғаффорова изҳор дошт, ки ӯ ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорад ва ба ҳайси Раиси парлумони Озарбойҷон аз тамоми имконот ва маҳорату дониши худ барои таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон истифода менамояд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибати ду давлат дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои нав касб мекунад.

Акс: МН МО ҶТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news