-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Карли III барқияи табрикӣ ирсол намуданд

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Карли III барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ иброз менамоям.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулатон комёбиҳои рӯзафзун, ба Подшоҳии Муттаҳида ва мардуми он сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии пойдор хоҳонам.

Британияи Кабир соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият пазируфт ва дар ибтидои соли равон мо 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатии байни давлатҳоямонро ҷашн гирифтем.

Раванди рушди муносибатҳои ҳамкории ду кишвар тайи ин давра боиси қаноатмандии мост ва ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкими бештари он дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Изҳори умед менамоям, ки бо талошҳои пайгиронаи муштарак шарикии созандаи кишварҳоямон минбаъд низ дар маҷрои усулҳои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду ҷониб густаришу тавсеа хоҳад ёфт.

Лутфан, Аълоҳазрат, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред».

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news