5.1 C
Tajikistan
Tuesday, May 30, 2023

«ТЕКСТИЛЛЕГПРОМ». Зарфияти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад

Нуҳ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром», ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ буда, 6 сентябр дар Москва оғоз гардид, намояндагӣ мекунанд. Инҳо корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии «Ваҳдат Текстил», «KOTA Глобал», «Нассоҷи Хуҷанд», «Ноҳид», «Oртекс», «Раҳимов А. А.», «Сифат Саноат» «ТoҷТекс» ва «ХИМА Текстил» мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар намояндагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МТБ/ иттилоъ доданд.

Дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матои пахтагин ва либосворӣ дар доираи намоишгоҳ дар толори НКХХ то 9 сентябр ба маъраз гузошта мешаванд.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон баргузор мешавад. Иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар намоишгоҳ ширкатҳои машваратии «ACT Development» (Душанбе) ва «Business Consulting Group» (Хуҷанд), ҳамкорони МТБ танзим намуда, ҳайатро дар намоишгоҳ роҳбаладӣ мекунанд.

Беш аз даҳ сол аст, ки «Текстиллегпром» имкони хуберо фароҳам меорад, то ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ ба намоиш гузошта, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор карда, ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд.

Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бори 14-ум аст, ки иштирок мекунад ва дар ин муддат ширкатҳои Тоҷикистон тавонистанд барои кишвар имиҷи манбаи маҳсулоти олисифати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ бисозанд. Корхонаҳои Тоҷикистон маҳсулоти тайёр, ба монанди либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либосҳои варзишию махсус ва ғайраро ба намоиш мегузоранд.

Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ вохӯрда, бо фанновариҳои замонавии дӯзандагӣ ва равандҳои нав дар ҷаҳони мӯд шинос мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news