0.9 C
Tajikistan
Tuesday, September 26, 2023

Ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дидан намуд

 Имрӯз, 6 сентябр ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, баъд аз мулоқот бо роҳбарияти вилоят ва ноҳия аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва дигар корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.

Ҳамзамон дар МОИ «Данғара» бо иштироки доираи васеи ширкатҳои тоҷикию туркӣ, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Форуми минтақавии дуҷонибаи «Вохӯрии байниминтақавии соҳибкорони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия» бо назардошти нишастҳои тиҷоратии кории «В2В» баргузор гардид.

Дар доираи форум миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Палатаи савдои Қуния, инчунин МОИ «Данғара» ва Парки технологии «Билишим Вадиси» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, аз 4 то 8 сентябр бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дигар вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Туркия ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафарбар гардид.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия

Latest news

Вазири энергетика ва захираҳои об дар чорабинии «Ҳафтаи гузариш ба энергияи «сабз» дар Ҷопон иштирок намуд

25 сентябр ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа дар чорабинии «Ҳафтаи гузариш ба энергияи «сабз»...

Дар Душанбе Анҷумани кории Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад

28 сентябр дар шаҳри Душанбе Анҷумани кории  Тоҷикистон ва Беларус доир мегардад. Анҷумани корӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва машваратӣ буда, ҳадафи он баланд...

Намояндаи Тоҷикистон дар машварати нахустини вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ – Чин иштирок намуд

Дар ҳошияи Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии маҳсулоти кишоварзии Янлин ва Форуми байналмилалии сатҳи баланд доир ба муҳофизати солимии хок 19 сентябр машварати нахустини...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Related news