3.7 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд

5 сентябр бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар ба Федератсияи  Русия сафари расмӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ аз Москва хабар дод.

Зимни мулоқот сарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Русияро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

«Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Дар робита ба ин тавофуқ ҳосил шуд, ки ҳамоҳангсозии вазоратҳои хориҷӣ пас аз анҷоми мутобиқкунии бастаи асноди дуҷониба, ки мавриди баррасӣ қарор доранд, идома ёбад», — таъкид намуд Шоҳин Самадӣ.

Вазирон ҷараёни рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро мусбат арзёбӣ намуда, масъалаҳои омодагиҳоро ба Форуми сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки қарор аст 15 сентябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ карданд.

Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории башардӯстона ва муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷониби Русия ба тадбирҳои андешида дар Тоҷикистон дар самти ҳифз ва рушди забони русӣ баҳои баланд дода, омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар моҳи октябри соли 2022 қайд кардааст.

Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ ба сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ҳалли фаврии ҳама масъалаҳои мубрами муҳоҷират ва рушди иқтидори шаҳрвандоне, ки нияти кор дар қаламрави ду кишвар доранд, мусоидат кунанд.

Зимни мулоқот ба масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар бахши амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, авзоъ дар Афғонистон таъкид шуд.

Зимни мулоқот ба масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи амният бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунӣ дар Афғонистон диққати махсус дода шуд.Дар натиҷаи мулоқоту музокирот вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои солҳои 2022-2023-ро ба имзо расониданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news