-10.7 C
Tajikistan
Sunday, January 29, 2023

МУРОҶИАТНОМАИ Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат

5 сентябр дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир  Зокирзода,  аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- оғози давлатдории навини тоҷикон» ҳамоиш баргузор гардид. 

Аз натиҷаи ин ҳамоиш Муроҷиатномаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат қабул гардид, ки матни онро дар зер пешкаши хонандагон мегардонем.

Муроҷиатномаи
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамеша фарҳангсолору маърифатпарвар, дурандешу ботаҳаммул ва дар роҳи ҳифзи шарафу номус матину устувор буда, дар гардишҳои пуртазоди зиндагӣ маҳз бо ҳамин хислатҳои неку ҳамида худро ҳифз кардааст ва рӯҳи истиқлолу озодихоҳиро ҳамчун ормони ҷовидонаи миллӣ зинда нигоҳ доштааст.

Расидан ба истиқлолияти давлатӣ, ки сиву як сол пеш ба вуқўъ пайваст, барои миллати шарафманди мо рӯйдоди бузурги таърихӣ дар ҷодаи амалӣ гардидани ормонҳои беш аз ҳазорсолааш мебошад.

Вале дар айёме, ки давлати тозаистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои тундгаро, гурӯҳҳои ифротгаро ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба майдони мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ниҳоятба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Душманони миллати тоҷик бо истифода аз вазъияти ба вуҷудомада нақшаҳои сиёҳи ба чанд порча тақсим кардан ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кардани давлати ҷавони тоҷиконро тарҳрезӣ карда, барои амалӣ намудани он талош меварзиданд.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд дорад, ки саркардагони неруҳои ифротгаро дар он айём иқтидори зеҳниву сиёсии идора кардани давлати соҳибистиқлолро надоштанд.

Ҷомеа ба неру ва шахсияте ниёз дошт, ки заковату зарфияти сиёсӣ, сиришти пок ва ғурури баланди миллӣ дошта бошад, то давлатро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз хатари парокандагӣ раҳо бахшида тавонад.

Ба бахти мардуми тоҷик Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори қабули дигар қарорҳои созандааш ин гуна сиёсатмадорро дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо ва ба миллати азияткашидаи тоҷик эҳдо намуд.

Маҳз бо сиёсати некбинонаву пайгиронаи ў Тоҷикистони тозаистиқлол дар муддати кўтоҳ на танҳо ба сарзамини мардуми сарҷамъу муттаҳид ва орому босубот табдил ёфт, балки дар қатори давлатҳои озод ва дар ҳоли   тараққиёт мақоми арзандаи худро пайдо кард.

Ҳамаи ин натиҷаи талошҳои ватандўстонаву миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар атрофи сиёсати созандаву инсонпарваронаи ин шахсияти беназири таърихӣ муттаҳид гардидани мардуми кишвар мебошад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои ин абармарди роҳи сиёсат ҳомии боэътимоди миллат ва кафили ҳаёти осоиштаро дида, тақдири минбаъдаи худ ва Ватанро ба ӯ бовар карданд.

Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ қарор дошта, мардуми он зиндагии босаодат ба сар мебаранд.

Дар баробари ин, бо дарназардошти вазъи печидаву буҳронии ҷаҳон таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар мавриди аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва вусъат додани амалҳои созанда ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошанд.

Зеро дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мардум ва Ватани мо рўзҳо ва давраҳои бисёр вазнинро аз сар гузарониданд.

Вале мардуми шарафманду заҳматкаши Тоҷикистон бо такя ба ақлу ирода, сабру таҳаммул ва ҳисси баланди милливу эҳсоси гарми ватандўстӣ дар атрофи кафил ва муттакои боэътимоди худ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, бо дастгирӣ аз сиёсати дохиливу хориҷии давлати худ аз ҳамаи монеаву мушкилот бо сарбаландӣ гузаштанд.

Гузашти айём собит сохт, ки халқ дар интихоби Сарвари бозаковати давлат, ҷонибдори сиёсати давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ хато накардааст.

Ҳамватанони азиз!

Дар шароити пуртазоду нобасомони ҷаҳони муосир ва бо дарназардошти эҳтимоли вуқӯи ҳолатҳои пешгўинашаванда ба шумо бо камоли эҳтиром муроҷиат менамоем, ки бо мақсади ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти марзу буми Ватани аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бо дарки масъулият дар назди таърихи гузашта, зиндагии имрўза ва тақдири наслҳои оянда дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳар вақти дигар муттаҳид шуда, тамоми саъю талоши худро ба хотири бунёди давлати воқеан ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи пешрафта сафарбар созед.

Шумо–мардуми бонангу номуси Тоҷикистон хуб дарк мекунед, ки зиндагии осудаву ороми ҳар оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил ва иттиҳоду сарҷамъии ҳамаи мо имкон дорад.

Ба пеш, ба сӯи музаффариятҳои нав бо Пешвои муаззами миллат!

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов...

Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо ба нашр расид

Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид.

«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму...

Related news

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов...

Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо ба нашр расид

Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид.

«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму...