4.9 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Дар Душанбе бо иштироки ширкатҳои кореягӣ муколамаи тиҷоратӣ баргузор гардид

Тоҷикистон ва Корея ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тақвият мебахшанд. Далели ин баргузории муколамаи тиҷоратӣ бо ширкатҳои Корея мебошад, ки ҷиҳати диверсификатсияи ҷалби сармояи хориҷӣ дар Душанбе баргузор гардид. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Сафорати Корея дар Тоҷикистон аз созмондиҳандагони муколама буда, дар он беш аз 80 нафар намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва ширкатҳои кореягӣ иштирок ва тавассути рӯнамо вобаста ба имконияти рушди ҳамкорӣ маърӯза намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ сухан намуданд.

Дар муколама аз ҷониби шахсони масъул вобаста ба имконият ва фазои мусоиди сармоягузорӣ рӯнамоӣ гузаронида шуда, вазъияти имрӯзаи сармоягузории Корея дар Тоҷикистон, имконияти ҷалби сармоя ва масири ҳамкории мутақобилаи судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар доираи мулоқоти В2В /соҳибкор бо соҳибкор имконияти ба роҳ мондани ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҳайати сармоягузорон ва соҳибкорони кореягӣ инчунин аз Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе боздид намуда, бо иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватании «Ваҳдат текстайл», «Асрори санг», ширкати «Stone» шинос шуд ва аз Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон «Артел Авесто электроникс» дидан намуд.

Дар анҷоми муколама ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ иброз доштанд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news