-10.7 C
Tajikistan
Sunday, January 29, 2023

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардид

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,6 маротиба зиёд шуд. Ин нукта дирӯз, 5 сентябр зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари Фонди «Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ»-и Бонки исломии рушд Валид Аддас зикр гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин 19 аъзову мутасаддиёни фонд ва Директори минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ иштирок намуданд.

З. Завқизода ба ҳайати Бонки исломии рушд ва Фонди «Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ»-и Бонки исломии рушд барои дастгирии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар минатдорӣ баён карда, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ афзалияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 2723 муассисаи тандурустӣ  ба истифода супорида шудаанд, ки шумораи онҳо то имрӯз ба 5116 муассисаи тиббӣ расонида шуд. Сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш дода шуд. Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ дар ин давра 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид.

Фонди «Зиндагӣ ва рӯзгордорӣ» соли 2016 таъсис дода шуда, дар айни замон ба 33 кишвари аъзои Бонки исломии рушд хизмат мерасонад. Он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо маблағи 27 млн доллари ИМА татбиқ дорад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷараёни иҷрои лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар 4 ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, беҳдошт ва таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар идомаи мулоқот З. Завқизода аз ҷониби ҳайати Бонки исломии рушд даъват ба амал овард, ки бо назардошти таъсири буҳронҳои ҷаҳонии имрӯза маблағгузориро ба дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бештар намоянд. Даъвати мазкур аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов...

Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо ба нашр расид

Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид.

«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму...

Related news