3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

SECO дар татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026» дар Тоҷикистон кумак менамояд

Ҷараёни татбиқи кумакҳои техникии SECO ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аз ҷумла барои татбиқи лоиҳаи рушди идоракунии корпоративӣ ва таҳияи заминаи меъёрию ҳуқуқии низоми пардохт зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори роҳбарикунандаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SECO) Мартин Саладин ва директори SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки БМТ дар ҳамкорӣ бо SECO ва Бонки ҷаҳонӣ «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия намудааст, ки он моҳи июли соли равон бо қарори Ҳукумат тасдиқ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки намояндагони SECO ҷиҳати дар амал татбиқ намудани стратегияи мазкур талош хоҳанд кард.

Фирдавс Толибзода ба сатҳу сифати ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва SECO баҳои баланд дода, Мартин Саладин ва ҷониби Швейтсарияро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуд.

Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо якчанд сохтори давлатӣ ва ташкилоти Швейтсария ҳамкории босамар ба роҳ мондааст.

БМТ дар самти таъмини суботи молиявӣ, тақвияти низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди низоми пардохт бо SECO равобити судманд роҳандозӣ намуда, дар ин замина ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар аз кумакҳои техникӣ ва машваратии ниҳоди мазкур бархӯрдор гардидааст. Фирдавс Толибзода ба ҳамтои худ барои кумакҳои техникӣ ва машваратии SECO арзи сипос намуда, гуфт, ки минбаъд низ ҳамкориро дар самти тақвияти устувории низоми бонкӣ, рушди низоми пардохт ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ идома хоҳанд дод.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои расонидани кумаки машваратию техникӣ дар самти таъсиси Академияи бонкӣ, дастгирии SECO барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкҳои кишвар бо бонкҳои хориҷӣ, таҳияи барномаҳои нави SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news