-13.9 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

Ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тавсеа меёбад

1 сентябр Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ал-Решайдон мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки ҳамкорӣ дар сатҳи парлумонҳои ҳарду мамлакат тавсеа ёфта, табодул ва ҳамоҳангсозии афкор дар раванди қонунгузорӣ ба рушди робитаҳо сабаб мегардад.

«Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ қаноатмандем ва баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ менамоем», — гуфт Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон.

Ӯ илова намуд, ки механизми муҳими ҳамкорӣ миёни ду мамлакат Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад.

Валид ибни Абдурраҳмон ал-Решайдон изҳор дошт, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи олӣ ва тақвияти муносиботи дуҷониба бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо аз ҳама имконот ва донишу маҳорат истифода менамояд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news