3.7 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Завқӣ Завқизода ва Мартин Саладин масъалаи ҳамкорӣ барои рушди тиҷорат ва иқтисодро баррасӣ намуданд

Дар ҳошияи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири Фавқулодаи Конфедератсияи Швейтсария Мартин Саладин баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.

Зимни вохӯрӣ, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор шуд, ҷонибҳо масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкории дуҷониба барои рушди тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва тандурустиро баррасӣ намуданд.

З. Завқизода иброз намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Инянтсио Касис муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Швейтсария яке аз шарикони асосии низоми тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар шаш моҳи соли 2022 гардиши савдои дуҷониба 281,7 млн доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо пешниҳод гардид, ки бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ маблағгузории Швейтсария барои дастгирии соҳаҳои иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар карда шавад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news

503 Service Unavailable

Service Unavailable

The server is temporarily unable to service your request due to maintenance downtime or capacity problems. Please try again later.

Additionally, a 503 Service Unavailable error was encountered while trying to use an ErrorDocument to handle the request.