3.7 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

ГИМНАСТИКАИ БАДЕӢ. Варзишгарони навраси тоҷик дар Қазоқистон 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд

Варзишгарони навраси тоҷик дар Мусобиқаи 6-уми байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ дар шаҳри Актауи Қазоқистон 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора ба МД «Ҷвҳоннамо» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа 23-28 август бо иштироки варзишгарони навраси Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон, Узбекистон, Русия ва Исроил доир гашт.

Ҷумҳурии моро 4 нафар дастпарварони мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд намояндагӣ карданд.

Ба иттилои мураббӣ Нигорахон Қурбонова, Садафмоҳ Маҳмадҷалолзода дар ду намуди иҷрои машқҳо 2 медали биринҷӣ, Маликахон Алиматова, Шукронахон Акбарова ва Фаризахон Бахтиёрзода яктоӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Гимнастҳои ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии гимнастикаи бадеии «East Cup Stars Olympic» («Ҷоми Шарқ – ситораҳои олимпӣ») як медали тилло, панҷ нуқра ва чор биринҷӣ ба даст оварда, соҳиби Ҷоми даставии мусобиқа гардиданд.

Мусобиқа 24-25 август дар Фарғона баргузор гардида, дар он медали тиллоро варзишгари тоҷик Ариана Сафарова ба даст овард.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро тарбиятгирандагони Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ дар шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.

Дар мусобиқа 10 нафар духтарони аз 7 то 13-сола, ки дар категорияҳои А, В ва С иштирок доштанд, медал ба даст оварданд. Аз ҷумла, Марям Шукурова, Ясмина Ҳамидова, София Турсунзода, Азиза Нурализода ва Елизавета Стрелникова ҷойҳои дуюмро ишғол карданд.

Медалҳои биринҷӣ ба Вазира Абдусатторова, Шукрон Саидова, Ҳосия Ворисӣ ва Роҳила Тоҷиддинова супурда шуданд.

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 300 варзишгар аз 8 кишвар, аз ҷумла Узбекистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра ширкат доштанд.

Дар мусобиқа варзишгаронро Сармураббии дастаи мунтахаби гимнастикаи бадеии Тоҷикистон Мижгона Шарифова, мураббиён Албина Гордина ва Чинигул Узбекова ҳамроҳӣ карданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news