-10.7 C
Tajikistan
Sunday, January 29, 2023

Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи ғайрирасмии Шӯрои амнияти СММ иштирок ва суханронӣ намуд

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат 31 август дар  ҷаласаи ғайрирасмии Шӯрои амнияти СММ дар қолаби «Формулаи Ария» таҳти мавзӯи «Таҳдид ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, ки бар асари фаъолияти гурӯҳҳои террористии  фаромиллӣ ба вуҷуд меояд» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад.

Ҷонибек Ҳикмат дар бораи талошу иқдомҳои кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

Инчунин Намояндаи доимии кишвар дар СММ ба иштирокдорони ҷаласа иттилоъ дод, ки 18-19 октябри соли 2022 дар ш. Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз интиқоли террористҳо» баргузор мегардад ва даъват намуд, ки дар чорабинии сатҳи баланди мазкур иштирок намоянд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, ИА ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор гардида, идомаи мантиқии «Раванди Душанбе», ки моҳи майи соли 2019 зимни аввалин конфронси минтақавии Дафтари зиддитеррористии СММ, ки муштаракан бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст, маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки конфронс вазирон ва шахсони расмиро аз давлатҳои узви СММ, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот ва дигаронро ҷиҳати табодули назар оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо гирди ҳам меоварад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, ИА ва дигар шарикони байналмилалӣ ду Конфронси сатҳи баланди байналмилалиро бахшида ба мавзӯи мубориза бо терроризм ва экстремизм дар солҳои 2018 ва 2019 дар шаҳри Душанбе муваффақона баргузор намуд.

Интизор меравад, ки аз натиҷаи конфронс «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» қабул гардад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 19 август сабти номи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро ҷиҳати иштирок дар пӯшиши иттилоотии Конфронси зиддитеррористии Душанбе оғоз кард.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро зарур аст, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии конфронси мазкур ба Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорат муроҷиат намуда, маълумоти марбутаро бо тартиби муқарраргардида тариқи почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj (Тел: +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) то 15 сентябри соли 2022 манзур намоянд.

Ҳамзамон тақозо мегардад, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар торнамои расмии конфронс (https://www.dushanbectprocess.org/) то 30 сентябри соли 2022 аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ

Latest news

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов...

Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо ба нашр расид

Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид.

«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму...

Related news