-3.5 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Сироҷиддин Муҳриддин 5 сентябр дар Москва бо Сергей Лавров мулоқот менамояд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 5 сентябр ба Москва сафар намуда, бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот хоҳад кард. Дар ин бора дирӯз дар брифинг сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод.

«5 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф меорад. Қарор аст ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот намояд. Ин мулоқот дар остонаи ҷашни миллии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлолият баргузор мегардад. Ёдовар мешавам, ки он 9 сентябр таҷлил мегардад», — гуфт Мария Захарова.

Ба гуфтаи Захарова, дар ин музокирот ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, мудофиа, амният, сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, тадбирҳои муштарак дар заминаи амнияти биологӣ, аз ҷумла мушкилоти эпидемиологӣ ва амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Дипломат таъкид кард, ки вазирон бояд иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар мулоқотҳои ахири Президентҳои Русия ва Тоҷикистон ҳосил шуда буданд, баррасӣ кунанд.

«Оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон табодули афкор сурат хоҳад гирифт. Дар доираи сафар ба имзо расидани барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои мо барои солҳои 2022-2023 дар назар аст», — афзуд Захарова.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news