3.7 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави муассисаи таълимӣ, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст, барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саидиён ЛТД” дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби хоси сохтмонию меъморӣ ба анҷом расонидаанд.

Бинои асосии мактаб, ки аз се ошёна иборат аст, дорои 30 синфхона ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. 4 синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъминанд, барои соҳибкасб гардидани духтарону писарон саҳми калон мегузоранд.

Дар ин боргоҳи илму маърифат 73 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим ба воситаи 90 камераи мушоҳидавӣ, ки дар тамоми синфхонаҳо васлу насб карда шудаанд, пурра назорат карда мешавад.

Мактаб ҳамчунин дорои ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ бо 160 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 280 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Толори варзишӣ бо фарогирии 200 ҷойи нишаст, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳайати омӯзгоронро ба боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҳидоят карданд.

Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин муассисаи таълимии дорои шароиту имконоти муосири таҳсил, аз ҷумла таъминот бо технологияи инноватсионӣ ва ба роҳ мондани роҳу усулҳои пешрафтаи таълим, бешубҳа, ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат намуда, ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнӣ ва навоварии насли наврас заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12, ки 1,12 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон дар фазои кушод майдончаи варзишӣ сохта шудаааст. Майдончаи варзишӣ асосан барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, дорои шароити мусоиди машқу тамрин мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳолати ногувор қарор дошт ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд, аз ин рӯ он пурра бартараф карда шуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандинсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва набудани шароити мусоиди таълим ҳалли худро ёфт. Акнун хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба омӯзиши илму дониш машғул шаванд.

Соли равон мактаби мазкурро 60 нафар хатм намудаанд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 56 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат шомил шуданд ва ин нишондиҳанда дар қиёс бо дигар муассисаҳои таълимӣ хуб арзёбӣ мегардад.

Иштироки хонандагони муассисаи таълимӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ низ назаррас аст. Соли равон 7 нафар хонандаи мактаб дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ сазовори ҷойҳои намоён шуданд.

Солҳои минбаъд низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмону баистифодадиҳии мактабҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news