2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Дар вилояти Суғд нуқтаҳои фурӯши ангишт кушода шуданд

Дар вилояти Суғд нуқтаҳои фурӯши ангишт кушода шуда, ҳаҷми истихроҷи ангишт дар вилоят аз аввали соли 2022 ба зиёда аз 939,7 ҳазор тонна расидааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти вилоят. Ин миқдор дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 45,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

«Имсол дар вилоят зиёда аз 200 адад нуқтаҳои доимӣ ва 350 нуқтаи сайёри фурӯши ангишт фаъолият намуда, ниёзи мардумро қонеъ гардониданд»,-омадааст дар хабар. Ғайр аз ин дар вилоят кариб 400 нуқтаи доимӣ ва 6 нуқтаи сайёри фурӯши гази моеъ мавҷуданд. Ҳоло захиракунии ангишт ва ҳезум дар муассисаю ташкилоти вилоят идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки нақшаи пешбинишударо таъмин намуда, ҳаҷми захираи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро дар анборҳои яхдондор зиёд намоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар 8 моҳи имсол дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136,7 ҳазор тонна зиёд аст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 14 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият доранд, ки дар онҳо қариб 2000 нафар мутахассисон кор мекунанд. То охири соли 2022 дар ҷумҳурӣ истихроҷи 2,7 миллион тонна «тиллои сиёҳ» дар назар аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news