4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок дар сармоягузории Ҷумҳурии Корея барои 5 соли оянда ворид шуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок дар сармоягузории Ҷумҳурии Корея барои 5 соли оянда ворид гардид. Дар ин бора Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок зимни вохӯрӣ бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаи тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқӣ Завқизода Квон Донг Сокро барои ба вазифаи нави масъулиятнок тайин шуданаш табрик намуда, ба ӯ муваффақияти касбӣ таманно кард.

Зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар муносибатҳо пайваста рушд меёбанд.

Ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, нассоҷӣ барои истеҳсоли сикли пурраи нахи пахта, корхонаи лифтбарорӣ, батареяҳои офтобӣ, аккумуляторҳо, электромобилҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз», «Иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ» ва «Технологияҳои рақамӣ», «Содагардонии расмиёти савдо» ва ҷорӣ кардани низоми «Савдои электронӣ» мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон зиёд намудани маблағҳои грантӣ аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда иброз намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news