4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

ОФАРИН! Сомони хурдсол дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид

Варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо, ки миёни наврасон дар шаҳри Тарази Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, дар вазни то 23 кг медали тилло ба даст овард. Дар ин бора Директори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Сомон Турсунзода то роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ варзишгарони Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистонро мағлуб карда, соҳиби медали тиллои мусобиқа гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати доварони мусобиқа Сомон Турсунзода барои нишон додани маҳорати баланди техникӣ миёни иштирокчиён варзишгари беҳтарин дониста шуда, бо диплом қадрдонӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки шоми имрӯз, соати 20:30 Сомон Турсунзода аз Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон дар Қазоқистон бо медали тилло ба Ватан бармегардад.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news