4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Дар Екатеринбург сохтмони маркази фарҳангии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Роҳбари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истиснод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва  омода намудани мутахассисон  аз рӯи ихтисосҳои коргарӣ, ҳамкории ҳамаҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҷалби сайёҳон ва табодули фарҳангӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи ҷудо кардани замин барои сохтмони маркази фарҳангӣ дар Екатеринбург баррасӣ шуд.

Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон  дар Русия худи ҳамон рӯз бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск, аз ҷумла, иштироки доираҳои соҳибкорӣ дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Русия, ки моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Д.Гулмаҳмадзода бо ишора ба аҳаммияти густариши ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ҳавасмандии худро барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Федератсияи Русия изҳор намуда, аз доирахои соҳибкорӣ ҷиҳати ҳамкории фаъол даъват ба амал овард.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news