6.2 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия» доир мегардад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия»  15 сентябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе  баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истиснод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бардошт аз натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия: нуқтаҳои нави робита аз ҷумлаи мавзӯъҳои марказии чорабинӣ қарор хоҳад гирифт.

Форумро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия доир мекунанд.

Тавре дар Консепсияи форум зикр шудааст, ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва Русиро муаррифӣ намуда,  ташаббус ва моделҳои нави ҳамкориҳои сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар назар аст, ки дар чорабинӣ аз ҳар ду ҷониб 50-нафарӣ, аз ҷумла намояндагони ҳукумат, вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршносон ва таҳлилгарон иштирок кунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ имзои созишномаву ёддоштҳо дар бораи ҳамкорӣ байни соҳибкорони кишварҳо дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи сармоягузорӣ, давоми солҳои 2007-2021 ба иқтисоди Тоҷикистон 1 млрд 648 млн доллар сармоягузориҳо аз Русия ворид шудааст, ки 15% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷиии воридшударо ба кишвар дар зарфи ин 14 сол ташкил медиҳад.

Сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз Русия дар бахшҳои сохтмону алоқа, иктишофи геологӣ, миёнаравии молиявӣ, соҳаҳои тандурустӣ, савдо, энергетика, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо сурат гирифтааст.

Бо вуҷуди коҳиши назарраси сармоягузориҳои Русия аз нимаи дуюми солҳои 2010-ум, аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон танҳо Чин аз Русия пегшсаф аст.

Чин бошад, баръакс, тайи даҳсолаи ахир ҳаҷми сармяогузориҳои худро ба иқтисоди Тоҷикистон зиёд кард.

Давоми солҳои 2007-2021 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3 млрд 252 млн долларро ташкил дод, ки ба 29,5% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисоди ҷумҳурӣ баробар аст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news