6.2 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Ҳайати «Амонатбонк» дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ иштирок намуд

Роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) беш аз шаш масъалаи муҳимро дар соҳаи бонкдорӣ ва сармоягузорӣ зимни ҷаласаи 18-уми Шӯрои Иттиҳоди байнибонкӣ, ки 23-24 август дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд доир гардид, баррасӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (БДА ҶТ) «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯро раиси БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ роҳбарӣ намуда, доир ба нақши ИББ СҲШ дар таҳкими ҳамкории байнибонкӣ суханронӣ кард.

Роҳбарони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ ҳамзамон масъалаҳои марбут ба маблағгузории савдо барои рушди гардиши молу маҳсулот байни кишварҳои аъзои Созмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби раисони бонкҳои аъзо як қатор санадҳо, аз қабили нақша чорабиниҳои муштарак оид ба дастгирӣ ва рушди ҳамкории дохилиминтақавӣ дар давраи пас аз пандемия ва принсипҳои нави чаҳорчӯбаи ҳамкории молиявӣ ва ҳамкорӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ ба имзо расонида шуданд.

Ба имзо расидани санадҳои мазкур метавонад фаъолияти молиявии бонкҳои аъзои Иттиҳодро тақвият бахшида, дар самти маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишварҳои аъзои СҲШ мусоидат намояд.

АКС: БДА ҶТ «Амонатбонк»

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news